айнак — [عينک] асбоб ва василаи дорои ду даста ва ду шиша, ки барои пурзӯр кардани биноӣ, ҳимояи чашм аз нури хуршед ё инъикоси сафедии барф, пешгирӣ аз даромадани ашёи беруна ба чашм истифода шуда, болои бинӣ гузошта мешавад: айнаки ғаввосӣ, айнаки дудӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
анбур — (анбӯр) [انبر // انبور] 1. абзори оҳании душоха барои гирифтани оташ ва ғ. 2. олати мехкашӣ ва симпечонии дуредгарону челонгарон; анбӯри кафшерӣ ё ҷӯшкорӣ анбӯре, ки электроди ҷӯшкориро бо он мегиранд; анбӯри қалоғӣ абзори дастӣ бо ду дастаи… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
газкафшергар — [گزکفشيرگر] устои челонгар, ки бо газ кафшер мекунад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
кафшергар — [کفشير گر] он ки касбу шуғли ӯ ба тариқи кафшер пайваст кардани филизот ва банд кардани шикоф дар филизот аст, кафшеркунанда … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
кафшергарӣ — [کفشير گري] амали кафшергар; ба воситаи кафшер пайваст кардан; кафшеркунӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
кафшеркаш — [کفشير کش] олате, ки бо он кафшер ва лаҳимкорӣ мекунанд … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
кафшеркунӣ — [کفشير کني] ба ҳам пайванддиҳӣ ва бандкунии шикоф ва сӯрохи филизот бо роҳи кафшер ва ё бо навшодир ва қалъагӣ; лаҳимкорӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пайванд — I [پيوند] асоси замони ҳозира аз пайвастан II [پيوند] 1. ҳамбаст, пайваст, иттисол, васл, пайвастагӣ 2. алоқа, муносибат; пайванд буридан а) тарки муносибат (алоқа) кардан; б) аз хешу табор даст кашидан 3. хешу табор, наздик; хешу пайвандон 4.… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ҷӯш — I [جوش] асоси замони ҳозира аз ҷӯшидан II [جوش] 1. ҷӯшидани об ва моеоти дигар бо таъсири оташ, ҳар чизи гарм ва тафсон; оби ҷӯш; дар ҷӯш будан дар ҳолати ҷӯшиш будан, ҷӯшида истодан 2. хурӯш, туғён, шӯр, ғалаён; ҷангу ҷӯш ҷанг дар ҳолати ғалаёни … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ҷӯшагарӣ — [جوشه گري] ба ҳам васл кафшер кардани филизҳо ба воситаи ҷӯшдиҳӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ